Saturday, April 28, 2012

АБАРБОЗОРҲО, ФУРӮШГОҲҲО ВА ДӮКОНҲОИ ИНТЕРНЕТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Матлаб барои маҷаллаи "Элита" навишта шудааст

Соли 2012-ро мехостам бо нахустин хариди интернетӣ дар Тоҷикистон оғоз кунам. Ба торнамои яке аз фурӯшгоҳҳои фанновариҳо, ки исмаш дар Душанбе маъруф ҳам ҳаст, ворид шудам. Алорағми дархости хонавода, ки мехостандам, аз “Султони Кабир” харид кунем, як молеро аз миёни маҳсулоти пешниҳодии ин фурӯшгоҳ интихоб кардам. Хостам, зангашон бизанам, ки ба хона биорандам, вале ҳамон рӯз бо коре аз назди ҳамон фурӯшгоҳ мегузаштам ва ба он ҷо даромадам. Назди ҳамон навъи молҳо рафтам, дидам, ки миёнашон интихобкардаи ман нест. Аз бонуи ҷавони корманди фурӯшгоҳ аз моли хостаам пурсидам. Гуфт: “ҳеҳ, ака, мо охирон бор у мола ду-се сол пеш оварда будем...”. 

Нахустин бор оид ба фурӯшгоҳҳои интернетӣ 6-7 сол қабл барои як торнамои бонуфузи тоҷикӣ матлабе одиву сода навишта будам. Матлабам одиву сода буд, чунки бозори нитернетии Тоҷикистон низ ҳамон гуна одиву сода буд. Матлабам дар мавзӯъе нав буд, чун бозори интернетии кишвар низ падидае нав буд. 

Ҳоло мебинам, вазъ зиёд тағйир ҳам накардааст, ҷузъ он ки ба 1-2 гулфурӯшу си-дифурӯши шаш соли қабл фурӯшандаҳои зиёди дигаре зам шудаанд, аммо ҳамоно аксарашон фурӯшгоҳи интернетиро бо сафҳаи тиҷоратӣ яке медонанд. Ба баҳси фурӯшгоҳи интернетиву сафҳаи тиҷоратӣ, иллатҳои набуди рушдаш дар Тоҷикистон ва растаҳои феълии ин бозор бармегардем, вале аввал бингарем, ки ин чӣ ғизоесту онро чӣ гуна мехӯранд... 

То ки Корвон Ebay шавад... 

Мегӯянд, ҳанӯз як даҳа қабл аз пайдоиши худи Интернет ба зербинои фурӯшгоҳҳои интернетӣ семент рехтаанд. Дар Инглистони серборон Майкл ном одаме бо насаби Одрич зери борон ба дӯкон рафтанро чашми дидан надошт. Майкл, то ки аз ин мушкил раҳо шавад, телевизор, телефон ва сафҳакалидеро гирифту, нахустин “теледӯкон”-ро сохт. Вале теледӯкони ӯ, ки ҷаҳон онро бо номи Видеотекс мешносад, дар оғоз ҷузъ матн чизе дигар надошт. 

Пайдоиши интернет дар охирин даҳаи қарни қаблӣ ҷаҳони дигареро барои тоҷирону соҳибкорон боз намуд. Хиштҳои нахустини ин бозоррро ҳам китобфурӯшиҳо гузоштаанд ва пешқадамии фурӯшандаҳои интернетии китоб ҳам сабаб дошт. Китоб – маҳсулотест, ки мӯҳлати истифода надорад, вайрон намешавад, харидор ҳам барои бо чашм дидану бо даст ламсиданаш ниёз надорад ва аз ин рӯ дар солҳои нахустине, ки шумори харидорони интернетӣ ба мисли эътимодашон ба бозори нав кам буданд, моли хубе барои фурӯш буд. Оре, эътимод кам буд, ҳол он ки бозори нав ҳам кори харидор ва ҳам фурӯшандаро чӣ қадар осон мекард! 

Ин бозор 24 соат дар шаборӯз ва 7 рӯз дар ҳафта кор мекунад, истироҳат надорад. Нисбат ба он ки зери барфу борони Лондону Порис ва ё офтоби сӯзони Мадрид аз раста ба раста пои пиёдаву хаста маҳсули дилхоҳи худро биҷӯеду, баъдан, молеро харидаву дар ҷойе дигар арзонтараш дида ва ангуштаи таассуф бигазед, оё беҳтар нест, ки ба фурӯшгоҳи интернетӣ бидароед ва он ҷо осонтару тезтар ҳам ҳамаи маҳслуотро бибинед ва ҳам арзонтарину беҳтаринашро интихоб бикунед? 

Фурӯшгоҳи интернетӣ вақт, нерӯ ва маблағи харидор ва ҳам фурӯшандаро сарфа мекунад. Фурӯшанда ҳам ниёзе ба кормандони бештар ва дӯконҳои бештар нахоҳад дошт. Инро дар Омрико хеле зуд ва хуб дарк карданд. Дар соли 1994 чаппотифурӯши маъруфтарини Омрико – Pizza Hut дар торнамои интернетияш ҳама намудҳои питсаҳояшро бо нархҳояш нашр намуд ва гуфт, ки питсаи фармоишшударо то ба хонаи харидор бурда медиҳад. Барои мардуме, ки барои берун рафтан аз утоқи корӣ панҷ дақиқа вақт надорад, оҳ, роҳати ҷон буд питсаи Ҳат.

Маҳшуртарин ҳипермаркетҳо, ҳм, яъне абарбозорҳои интернетии имрӯзи ҷаҳон – Амазон ва Ибей низ дар як соли баъдаш боз гардиданд. 

Азиз бидор, се чизро, ёр 

То ки дар Интернет харид намоед, феълан, ба Шумо се чиз лозим аст: 1) Асбобе барои вуруд ба Интернет - роёна, рӯзону, телефони мобилӣ, планшет, таблет ва боз ҳар асбобе, ки дар оянда вуруд ба Интернетро имконпазир хоҳад гардонид (шояд дарзмолу мошини ҷомашӯӣ низ :). 2) Худи Интернет. 3) Маблағ дар ягон низоми электронии пардохт (маъмултаринаш, суратҳисоби бонкӣ бо кортҳои пардохтии ВИЗА ва МастерКард, номаъмултаринаш ҳар гуна Кививу банан...яъне, дигар). 

 Ва баъдан дилхоҳ торнамои фурӯшгоҳи интернетиеро ё абарбозори интернетиеро боз мекунед, агар нишонияшро надонед, онро ба осонӣ метавонед бигуглед. Маҳсулоти дилхоҳатонро бо ҳаҷму рангу мушаххасоташ ва аксҳову видеоҳову бозхӯрдҳои харидорони қаблияш мебинед, ҷолибтарин, зеботарин, арзонтарин (агар бойбача бошед, гаронтарин)-ашро интихоб мекунед, маблағашро ҳамон лаҳза ва ҳамон ҷо мегузаронед, нишонии хонаатонро медиҳед ва халос. Хоҳ як дона ҷӯроби одӣ харида бошед, хоҳ як кило помидор, хоҳ як дона ҳамбургер фармоиш дода бошед ва ё хоҳ мошини ҷомашӯӣ – 15 дақиқа баъд ва ё 5 рӯз баъд даратонро хоҳанд куфт. 

Ёдам меояд, дар як шаҳраки хурдаки Омрико боре ба 10 доллар аз як торнамои маҳаллии содаву одӣ ДВД плейер харида будам. Истифодашуда, албатта, аз даст, на аз фурӯшгоҳ. Соҳибаш оварда, дар хонаам ба дастам дод. Харидаму, ҳамон лаҳза пушаймон шудам. Инро чӣ кор мекунам, чӣ гуна мебарам, о дар Корвон ҳам ҳамин нарх. Ҳамон лаҳза рӯзонуямро боз кардаму, дар ҳамон торнигор огаҳии бозаргоние гузоштам. “ДВД-плейер мефурӯшам!”. Ва якояки имконоташро тавсиф кардам, то ба ранги нуқрагинаш, ки “хоси хонаи ашрофзодаҳост (аз ҳамон огаҳиям)”. Арзишашро ҳам навиштам – 50 доллар, ҳол он ки наппа наваш дар фурӯшгоҳ арзонтар буд. Як ҳафта баъд пайғоме дастрас кардам, ки марде мепурсид, ки оё метавонам ДВД-ии “олиҷанобам”-ро (ҳарфи мард) ба 30 доллар бифурӯшам? Инаш ҳам худаш ба хонаам омад, пулро дод, ДВД-ро гирифт ва боз маро бо мошинаш то ба донишгоҳ бурд. 

Мол ҳаст, тавони хадамотрасонӣ на. Маблағ ҳаст, василаи интиқол на 

Вале ҳамин содагии фурӯши интернетӣ ҳам дар Тоҷикистон алоқадри ҳол роҳандозӣ нашудааст. Аз ман хостанд, ҳузури расмии ширкатеро дар Интернет таъмин намоям, яъне, саҳфаи интернетияшро боз бикунам. Ба гунае, ки он ширкат ҳеҷ пардохте ба ҳеҷ касе накунад ва ҳам маҷбур нашавад, ки баъдан касеро барои идораи торнигораш истихдом намояд. Баъдан, хоҳишам карданд, он сафҳаро бо фурӯшгоҳи интернетии он ширкат як бигардонам. Вале ширкат имкон надошт, ки фармоишҳоро онлайн бипазирад, пардохтҳоро ҳам тарҷеҳ медод нақд бигирад, маҳсулотро ҳам барояш роҳаттар буд, то худи харидор омада, бигирад. Дар натиҷа, мушаххасоти ҳар маҳсули ранҷи ширкатро бо аксҳояш дар сафҳааш ҷо додем ва шумораи телефону нишонии ширкатро низ нишон додему, гуфтем, марҳабо, ба кошонаи мо. Ин торнигор бештар сафҳаи расмии тиҷоратӣ гардид, то ки фурӯшгоҳи интернетӣ. 

Аксари кулли ширкатҳои Тоҷикистон, ҳатто баъзе брэндҳои маъруф ҳам айни ҳамин ҳолро доранд. Торнамои зебову рангине доранд, маҳсулоташонро он ҷо гузоштаанд, онро фурӯшгоҳи интернетӣ ном гузоштаанд, вале дар асл ё молҳои кӯҳна он ҷост, ё молҳои нав нест, ё пардохтҳоро танҳо нақд мепазиранд, ё нархҳояшон воқеъӣ нест ва баъдан зангат мезананду, мегӯянд, ки нархи ин маҳсулот чунин аст ва ё...Ин гуна “ё”-ҳо оҳ зиёданд. 

 Дар маҷмӯъ, “фурӯшгоҳҳои интернети”-и Тоҷикистон эътимод ба харидор надоранд. Ҳатман, пас аз фармоиш мехоҳанд зангат бизананд ва бипурсанд, ки оё дарвоқеъ нафаре ҳастӣ, ки ҳамон молро фармоиш додаӣ ва ё касе шӯхӣ дорад. Сабабаш ҳам он аст, ки маблағро нагирифтаанд ва мехоҳанд, пеш аз он ки маҳсулотро то ба дари хонаи фармоишгар бибаранд, мутмаин бошанд, ки фармоиш шӯхӣ нест. Мушкил ҳам имкони рушднокардаи пардохтҳои электронӣ дар кишвар аст. Худи бонкҳои Тоҷикистон дар интернет фаъол нестанд ва хадамоти ночиҳи интернетӣ доранд. Интиқоли бонкии маблағ ба сареъияти дилхоҳ сурат намегирад. Василаҳои дигари пардохти электронӣ роҳандозӣ нашудаанд (ишорае ба ширкатҳои мобилӣ). Василаи пардохти электрониро метавон мушкили рақами яки бозори интернетӣ ҳам номид. 

Додарам ахиран аз як фурӯшгоҳи интернетии русӣ чиптаи ҳавопаймо харид, яке аз василаҳои нишондодашуда дар он фурӯшгоҳ пайванди ҳамкорие бо як бонки Тоҷикистон доштааст. Баъдан, маҷбур буд, ним рӯз ҳамроҳ бо як пачка кормандони бонк аввалин нафаре дар таҷрибаи он бонк шавад, ки ҳамон маблағро пардохт намудааст. 

Вале бо ин ҳама метавон ба ояндаи осонтар ва шаффофтари бозори интернетӣ дар Тоҷикистон умед баст. Фурӯшгоҳҳое дорем, ки торнигорҳояшон аз нигоҳи фаннӣ хеле ҳам сода барои истифодаанд ва аз муосиртарин имконоти фаннӣ бархӯрдоранд. 

Ширкатҳое дорем, ки маҳсулоташонро дар фурӯшгоҳи виртуалияшон бо арзиши камтар аз фурӯшгоҳи воқеъияшон гузоштаанд, айни коре, ки дар хориҷа аст – яъне, ҳам масрафоти иловагии молро (масрафоти фурӯшгоҳи воқеъӣ ва кормандон) аз арзиши умумӣ берун кардаанд ва ҳам ба ин васила харидоронро ба бозори интернетӣ тарғиб мекунанд. 

Ширкатҳои зиёде дорем, ки хадамоти худро тарғиби онлайн мекунанд. 

Ширкатҳои мобилӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хидмат мерасонанд, аз ҷумла, ба мушкилҳо расидагӣ мекунанд. Ниҳодҳои ҳукуматӣ низ ба оҳистагӣ ба ироаи онлайни хадамоти худ оғоз кардаанд. Ва ғайра. 

 ПС: Аз ҳеҷ ширкати тоҷикӣ ва фурӯшгоҳҳои домени .тҷ исм бурда нашуд, то на тарғибаш шавад ва на танқидаш.